Сентябр 24, 2022 21:09 Asia/Dushanbe
  • Шайх Наъим Қосим: Эрон миллати Лубнонро ёри, аммо Амрико муҷозот мекунад
    Шайх Наъим Қосим: Эрон миллати Лубнонро ёри, аммо Амрико муҷозот мекунад

Муъовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба сиёсати хасмонаи Амрико дар қиболи миллати Лубнон таъкид кард дар ҳоле, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ёрии Лубнон шитофта аст, давлати Амрико ба муҳосира ва муҷозоти ин кишвар идома медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алнашра, шайх Наъим Қосим, муъовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубоно дар суханони изҳор кард: Эрон ба ваъдаи худ мабни бар ирсоли 600 ҳазор тонна сухт ба Лубнон амал хоҳад кард ва акнун танҳо бахе иқдомоте монд, ки давлати Лубнон барои иҷроӣ шудани ин амр бояд анҷом диҳад.

Шаъй Наъим Қосим афзуд: Амрикоиҳо ба аҳди худ пойбанд нестанд ва эътибор надоранд балки дар ростои хидмат ба режими саҳюнистӣ ба муҳосира ва муҷозоти Лубнон идома медиҳанд, аммо мо таслими Амрико нахоҳем шуд.

Муъовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Амрико аз як солу чанд моҳи пеш дар пайи вуруди сухт аз Эрон ба Лубнон қавл дод, ки таъмини барқи Лубнон аз тариқи Миср ва Урдунро осон кунад, аммо натанҳо дуруғ гуфт балки талош кард то ба унвони бахши аз фишор ва таҳрим ва ба унвони бахши аз талош барои ихтилофафкани байни лубнониҳо пеши Миср ва Урдунро барои додани барқ ба Лубнон бигирад.

Шайх Наъим Қосим, муъовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар поёни суханони худ ибрози умедвори кард, дунболаравҳои Амрико ҳақиқати ин кишварро, ки фақат ба Исроил ва манфиъаташ меандешад бишносанд.