Декабр 06, 2016 11:38 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати парлумони Исроил бо ишғоли сарзамини фаластиниён

Парлумон (Кнессет)-и режими саҳюнистӣ душанбешаб дар раъйгирии аввалия, бо тарҳи ба истилоҳ қонунӣ кардани тасарруфи даҳҳо маҳаллаи фаластинӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун мувофиқат кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, лоиҳаи қонунӣ кардани тасарруфи заминҳои фаластиниён дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун барои тасвиби ниҳоӣ бояд дар се марҳила аз сӯйи намояндагон Кнессет раъйгирӣ шавад ва ба тасвиб бирасад.

Бар асоси ин тарҳ, 330 воҳиди маскунии шаҳраки саҳюнистии Амуно, ки дар сарзаминҳои фаластинӣ воқеъ шудааст, ба шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун мунтақил мешавад.

Пеш аз ин, Бенямин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи авоқиби тасвиби қонуне, дар Кнессет дар заминаи шаҳрак‌созӣ ҳушдор дода буд, дар сурате, ки шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтарӣ идома дошта бошад, парвандае зидди Исроил дар Девони байналмилалии кайфарӣ ташкил хоҳад шуд.

Авичай Монделблит, мушовири ҳуқуқии кобинаи Исроил низ эълом кард, қонуни машруияти шаҳраксозӣ, ки Кнессет ( парлумон ) дарпайи тасвиби ниҳоии он аст, ба зарари Исроил тамом хоҳад шуд.

Исроил бо бунёди шаҳракҳои саҳюнистнишин дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳрае саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то султаҷўи‌ҳояшро дар манотиқи фаластинӣ мустаҳкам кунад.

Режими Исроил дар садад аст бо ҷудо кардани манотиқи фаластинӣ ба манотиқи ҷудо аз ҳам, монеи эҷоди қаламраве муттаҳид барои ташкили кишвари мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф шавад.

 

Барчасп