Сентябр 28, 2022 12:51 Asia/Dushanbe
  • Даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниён дар Қудси ишғолӣ

Манобеи хабарӣ аз даргирӣ миёни фаластиниёну низомиёни саҳюнист дар Қудси ишғолӣ хабар доданд.

Низомиёни саҳюнист ба Қудси ишғолӣ ҳамла ва ба сӯи манозили фаластиниён гази ашковар партоб карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар даҳҳо шаҳракнишини саҳюнист иқдомоти таҳрикомезе алайҳи сокинон анҷом дода ва ба фаластиниён фаҳҳошӣ карда буданд.

Ба асоси ин гузориш, дар шаҳраки дигаре дар Қудси ишғолӣ низ низомиёни саҳюнист бо фаластиниён даргир ва ба самти онҳо гази ашковар партоб карданд ва ҳамчунин онҳоро ҳадафи гулӯла қарор доданд.

Дар маҳаллаи Ал Савонаи Қудси ишғолӣ низ шуморе аз фаластиниён ба самти шаҳраки саҳюнистнишин коктейл молотов партоб карданд.

Режими саҳюнистӣ дар остонаи ҷашнҳои соли ҷадиди яҳудӣ аз тарси шиддат гирифтани амалиётҳои фаластиниён, ҳазорон нафар аз нерӯҳои худро дар Қудси ишғолӣ ва шаҳрҳо ва шаҳракҳои мухталифи он мустақар кардааст.

Тайи як моҳи ахир амалиётҳои худҷӯши фаластиниҳо алайҳи саҳюнистҳо ба шакли қобили мулоҳизае афзоиш ёфта ва ҳамин масъала режими ишғолгарро ба ваҳшат андохтааст.