Таъкиди ҲАМОС бар зарурати иттиҳод дар баробари низомиёни саҳюнист
-
Даъвати ҲАМОС ба иттиҳоди фаластиниҳо алайҳи режими ишғолгар
Ноиби раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии ҲАМОС бар зарурати иттиҳоди гуруҳҳои муқовимат дар Каронаи бохтарӣ алайҳи низомиён ва шаҳракнишинони ишғолгари исроилӣ барои дифоъ аз миллати Фаластин таъкид кард.
Солеҳ Алъорури бо баёни ин ки ваҳдату якпорчагии муқовимат идома дораду тақвият хоҳад шуд, гуфт, муқовимат то решакан шудани ишғолгарон идома меёбад.
Мақоми аршади ҲАМОС эълом кард, ки муқовимат дар Каронаи бохтарӣ муодилаи ҷадидеро барқарор карда, ба ин мазмун, ки ҳар гуна таҷовузу тааддӣ алайҳи Масҷидулақсо бо амалиётҳои қаҳрамононаи муқовиматӣ ва бо гулула посух дода хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмуд Мардови, аз раҳбарони ҲАМОС гуфт, силоҳи муқовимат режими саҳюнистиро нишона гирифтааст ва танҳо омили боздоранда дар баробари ҷиноятҳои Тел -Авив алайҳи миллати Фаластин ин силоҳ аст.
Режими саҳюнистӣ ҳамзамон бо идҳои яҳудӣ ва аз тарси ташдиди амалиёти муқовимати Фаластин дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳузури худро тақвият ва онҷоро минтақаи мамнӯаи низомӣ эълом кардааст.