Ал-Козимӣ хостори тасреъ дар гуфтугӯи милли шуд
-
Тазоҳурот ҳаққе аст, ки дар қонуни асоси бар он таъкид шудааст
Нахуствазири давлати пешбурди умури Ироқ аз аз гурӯҳакҳои сиёсии ин кишвар хост дар гуфтугӯи миллӣ, тасреъ кунанд ва ба тавофуқоти даст пайдо кунанд, ки барои ҳамаи тарафҳо розӣ кунанда бошанд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Мустафо Ал-Козимӣ нахуствазири давлати пешбурди умури Ироқ дар саввумин солрӯзи эътирозоти октябр (тазоҳуроти Тишриниҳо) , мудаъи шуд, ки тазоҳурот ҳаққе аст, ки дар қонуни асоси бар он таъкид шудааст.
Вай бо баёни, ин, ки дар ҷарёни даргириҳои сиёсӣ, аз ҳеҷ ҳизби тарафдори намекунад, дар поён гуфт, ки нерӯҳои амнияти низ ҳамин вазъиятро доранд ва вазифаи онон, ҳимоят аз миллати Ироқ ва дифоъ аз амният ва қонун аст.
Рузи шанбе аввали октябр саввумин солрӯзи тазоҳуроти октябри соли 2019 буд, ки дар натиҷаи ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ аз он ба суқути давлати вақти Ироқ ба раёсатии Одили Абдулмаҳдӣ анҷомид ва пас аз он давлати Мустафо Ал-Козимӣ рӯйи кор омад.