Октябр 04, 2022 13:20 Asia/Dushanbe
  • Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яманро оғоз кард
    Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яманро оғоз кард

Вазорати ҳуқуқи башари давлати наҷоти милии Яман: Ҷомеъаи байналмиллалӣ ва абарқудратҳо, Амрико масъули таъмиқи фоҷеъаи инсонӣ дар Яман ҳастанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муъосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кӯшта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи пойгоҳи хабаргузори  Яман, Вазорати ҳуқуқи башари давлати наҷоти миллии Яман дар баёнияе, ҷомеъаи байналмиллал ва абарқудратҳо ва дар садри онҳо, Амрикоро масъули сангандози дар масири оташбас ва таъмиқи фоҷеъаи инсонӣ дар Яман ва паёмадҳои манфии он бар авзои инсонӣ дар ин кишвар донист.

Вазорати ҳуқуқи башар дар Яман дар баёнияе дар бораи паёмадҳои ноши аз лаҷбозиҳо ва саркашиҳои эътилофи мутаҷовиз ба Яман дар хусуси ба бозӣ гирфтани ҳуқуқи инсонӣ ва иқтисодии мардуми Яман ҳушдор дод.

Дар баёния Вазорати ҳуқуқи башари Яман омадааст, идомаи бетаваччӯҳии кишварҳри узви эътилофи мутаҷовиз дар қиболи парвандаҳои иқтисодӣ ва инсонӣ ва ҳамдастии Созмони Миллал бо онҳо, ҳеҷ пешрафти байналмиллалӣ барои пирӯзии мардуми Яман ва ҳуқуқи машрӯъи онон ҳосил нашудааст.

Дар ҳами  иртибот Муҳаммад Абдуссалом сухангӯи давлати наҷоти милли Яман дар Твиттер навишт: Дар тамоси телефонии масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо, бар мавзеъи шинохта шудаи худ мабни бар зарурати пардохти ҳуқуқи ҳамаи кормандон ва мустамири бознишастагон, поёни қайду бандҳои золимона бар банодири Ал-Ҳадида ва фурӯдгоҳи Санъо ва инки кишварҳои мутаҷовиз масъулияти шикасти оташбас ва ташддиди мушкилоти инсонии миллати азизи Яманро бар уҳда доранд, таъкид кардаем.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп