Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ
Низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ чаҳоршанбешаб бо юриш ба шаҳри Ал Халил дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун, чанд фаластиниро захмӣ карданд.
Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин, юриш ва фаластиниёнро шаҳиду маҷрӯҳ ва ё боздошт ва равонаи зиндон мекунанд.
Манобеи фаластинӣ эълом карданд, саҳюнистҳо дар ҷараёни ин юриш аз бомбҳои савтӣ ва низ гази ашковар алайҳи фаластиниҳо истифода карданд.
Шаҳракишинони саҳюнист ҳам дар минтақаи Бат-Ям дар Фаластини ишғолӣ ба чаҳор шаҳрванди фаластинӣ ҳамла карданд ва онҳоро мавриди лату куб қарор доданд.
Ториқ Иззуддин, сухангӯи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин чанде пеш бо маҳкӯм кардани ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ тасреҳ кард, саҳюнистҳо дер ё зӯд товони иқдомоти худро пардохт хоҳанд кард.
Ҳуқуқи мардуми мазлӯми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст, ки зери чакмаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ мешавад. Ин режим дар муддати мазкӯр ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро алайҳи фаластиниҳо муртакиб шудааст.