Октябр 10, 2022 13:16 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо режими саҳюнистӣ
    Мубориза бо режими саҳюнистӣ

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки ин ҷумбиш дар ҳар ҷанге дар баробари режими саҳюнистӣ пирӯз хоҳад шуд ва ба мубориза бо ин режим идома хоҳад дод.

Наим Қосим, муовини Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, Ҳизбуллоҳ муваффақ шудааст дар ҳар ҷанге режими саҳюнистиро шикаст диҳад ва то замоне ки миёни мо чунин занону мардони муқовиме вуҷуд дошта бошад, дар ҳар ҷанге он (Исроил) -ро шикаст хоҳем дод.

Дар ҳамин иртибот, расонаҳои режими муваққати саҳюнистӣ ахиран эътироф карданд, ки тавофуқи марзҳои дарёии Лубнону Фаластини ишғолӣ боиси тақвияти ҷойгоҳи Ҳизбуллоҳ дар дохили Лубнон хоҳад шуд ва ин режим қодир ба шикаст ё тазъифи Ҳизбуллоҳ нест.

 

Барчасп