Октябр 13, 2022 11:45 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии паҳподи саҳюнистҳо дар шимоли Алхалил

Расонаҳои ибризабон чаҳоршанбешаб аз сарнагунии як паҳподи режими саҳюнистӣ дар шимоли Алхалил хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин паҳпод дар ҷараёни даргирӣ бо ҷавонони фаластинӣ дар шаҳраки Байтамр дар шимоли Алхалил сарнагун шудааст .
Ҷузъиёти суқути ин паҳпод ҳануз эълом нашудааст .
Расонаҳои ибризабон ҳамчунин аз захмӣ шудани 2 низомии саҳюнист дар ҷараёни даргирӣ дар ҷануби Масҷидулақсо хабар доданд .
Ҳамчунин автобусҳои саҳюнистҳо низ дар шарқи Қалқалия мавриди сангборони ҷавонони фаластинӣ қарор гирифтанд .
Захмӣ шудани ин ду саҳюнист дар посух ба шаҳодати як кӯдак ва як ҷавони фаластинӣ рӯй медиҳад .
Бар асоси гузориши расонаҳои фаластинӣ ин кӯдаки ширхор дар ҷараёни истифодаи саҳюнистҳо аз гази ашковар дар даргирӣ дар Кафарақаб дар шимоли Қудси ишғолӣ ба шаҳодат расид
 

 

Барчасп