Октябр 16, 2022 10:22 Asia/Dushanbe
  • Оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи Саъудӣ тақрибан аз байн рафтааст
    Оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи Саъудӣ тақрибан аз байн рафтааст

Узви ҳайати музокира кунандаи Давлати наҷоти миллии Яман аз амалкард ва стандардҳои дугонаи Созмони Миллал дар қиболи оташбаси Яман ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Ал-Масира Абдулмолик Ал-Аҷрӣ узви Давлати наҷоти миллии Яман рӯзи якшанбе бо ишора ба нақши манфии Созмони Миллал дар оташбасе дар ин кишвар, ҳушдор дод дар сурати бунбасти музокирот, танишҳ ҷойгузин мешавад.

Ал-Аҷзӣ таъкид кард. Созмони Миллал, матуни қобили таъвил ва тафсири дар бораи оташбас ироа карда аммо ин масъала қобили қабул нест.

Ал-Аҷзӣ бо баёни ин, ки Шӯрои амният низ ҷойгоҳе барои адолат  ва амният нест, таъкид кард: Ин Шӯро вобаста ба манофеъ, мулоҳизоти байналмиллалӣ ва мавозанаи қавост, мувзӯъи Амрико, Инглис ва Фаронса ҳам дар қиболи Яман аҷиб нест.

Узви ҳайати музокира кунандаи Яман бо баёни ин, ки монанди қабл, ҳеҷ тазмине барои тадовуми оташбаси вуҷӯд надорад, тасреҳ кард: Арабистон дар атрофи худ бӯҳронҳое эҷод карда ва ҳамин масъала боиси мешавад, ки мавриди боҷ хоҳии кишварҳои ғарбӣ қарор гирад.

Пештар Маҳди-Ал-Машот раиси Шӯрои оли сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи Саъудӣ тақрибан аз байн рафтааст.