Фраксюни Ҳизбуллоҳ: Душман аз тарси муқовимат тавофуқи марзҳои дарёиро пазируфт
Муҳаммад Раъд, раиси фраксюни «Ал вафо Лилмуқовима»-и вафодорӣ ба муқовимат (вобаста ба Ҳизбуллоҳ) рӯзи якшанбе таъкид кард, режими саҳюнистӣ ба далели тарс аз ҷанг бо Ҳизбуллоҳ, тавофуқи тарсими марзҳои дарёиро пазируфт.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Аҳд, Раъд афзуд, Ҳизбуллоҳ моҳияти ин душмани нажодпарасту ҷинояткорро бармало кард ва улгӯҳои онро аз байн бурд ва онро асири муъодилае кард, ки фақат бояд ба иродаи миллати муқовими Лубнон тан бидиҳад.
Раисиҷумҳури Лубнон панҷшанбешаб аз мувофиқати ин кишвар бо нусхаи ниҳоии тавофуқи марзбандии дарёӣ бо режими саҳюнистӣ хабар дод ва гуфт, мувофиқати мо бо тавофуқи марзбандии дарёӣ пас аз машварат бо нахуствазир ва раиси порлумон анҷом гирифт.