Декабр 07, 2016 19:07 Asia/Dushanbe
  • Муҷассамаи Натанёҳу дар Телавив сарнагун шуд

Муҷассамаи нахуствазири режими саҳюнистӣ як соат пас аз насб ба дасти як яҳудӣ ба зер кашида шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ал-Маёдин, рӯзи чаҳоршанбе як раҳгузари яҳудӣ муҷассамаи тиллоии Бинёмин Натанёҳуро, ки дар майдони Робин дар маркази Телавив насб шуда буд, сарнагун кард ва пас аз он, дигар раҳгузарон ин муҷассамаро аз он ҷо дур карданд.

Як муҷассамасози саҳюнист дар Фаластини ишғолӣ ин муҷассамаро ба ранги тиллоӣ сохта ва онро дар маркази Телавив насб карда буд, аммо танҳо як соат пас аз насб, муҷассама ба зер кашида шуд.

Шумори зиёде аз яҳудиён дар Фаластини ишғолӣ Натанёҳуро диктатор хитоб мекунанд.