Октябр 24, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Яман : Эътилофи саъӯдӣ ба дунболи идомаи ҷанг аст

Нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман дар дидор бо мудири минтақаии кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх гуфт : Эътилофи саъӯдӣ ба дунболи идомаи ҷанг дар Яман аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман дар ин дидор аз фаъолиятҳои инсондӯстонаи Салиби Сурх ба вижа дар заминаи табодули асирону афроди захмӣ қадрдонӣ кард ва гуфт : Эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ аз тамоми имконоти моддӣ, дипломатӣ ва расонаӣ барои тадовуми ҷанги Яман ва фақирсозии мардуми он истифода мекунад .
Бин Ҳабтур таъкид кард ниёзҳои мардуми Яман ба хотири ҷангу муҳосира рӯ ба афзоиш аст .
Аз сӯи дигар мудири минтақаии кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх таъкид кард, ки Яман авлавияти Салиби Сурхи байналмиллалӣ ва пружаҳои башардӯстонаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ аст .
Шоп афзуд : Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх пружаҳои ҷадидиро дар чорчӯби кумаки Созмони Миллал ва талошҳои башардӯстонаи байналмиллалӣ барои коҳиши ранҷи мардуми Яман дар натиҷаи ҷанг иҷро хоҳад кард .
Арабистон бо ҳимояти Амрико,Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .
Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шуда аст
 

 

Барчасп