Октябр 26, 2022 11:06 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани як саҳюнист дар амалиёти шаҳодатталабона дар Ноблус

Як шаҳрванди фаластинӣ дар посух ба ҷиноёти режими ишғолгари Қудс як шаҳракнишини саҳюнистро дар Ноблус захмӣ кард .

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф бо ҳамла ба мардуми мазлӯми Фаластин, ононро ба шаҳодат расонда ва ё маҷрӯҳ ва боздошт мекунанд ; фаластиниён низ дар посух ба ин ҷиноёт амалиёти зиддисаҳюнистӣ анҷом медиҳанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, ба нақл аз манобеи ибрӣ як шаҳракнишини саҳюнист баъд аз зуҳри сешанбе тавассути як фаластинӣ дар Ноблус воқеъ дар Каронаи бохтарии руди Урдун ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Ба гуфтаи Шаҳоб ин саҳюнист дар дохили худрави худ буд, ки як шаҳрванди фаластинӣ бо силоҳи сард вайро захмӣ кард .
Манобеъи ибрӣ мегӯянд муҷрии ин амалиёт фирор кардааст ва низомиёни саҳюнист натавонистаанд вайро дастгир кунанд . Ҷузъиёти бештаре дар бораи вазъияти ин саҳюнист мунташир нашудааст.

 

Барчасп