Декабр 08, 2016 18:36 Asia/Dushanbe
  • Муфтии аъзами Сурия: Террорист‎ҳо аз Ҳалаб хориҷ хоҳанд шуд

Муфтии аъзами Сурия гуфт, бар хилофи ирода ва хости бархе тарафҳо Ҳалаб вайрон нахоҳад шуд, аммо террористҳо аз он хориҷ мешаванд.

Ба гузориши ИРНА, Шайх Аҳмад Бадруддин Ҳисун, муфти аъзами Сурия шомгоҳи чаҳоршанбе дар дидор бо Кардинал Башора Роӣ, раҳбари масеҳиёни Моронии Лубнон аз миллату ҳукуматҳои Лубнону Сурия хост, бо таваҷҷуҳ ба авзои минтақа ва ҷаҳон муқобили террористҳо, ки намояндаи ҳеҷ дине, аз ҷумла дини Ислом нестанд, ҳушёр бошанд.  Шайх Ҳисун ибрози умедворӣ кард, равобити Лубнону Сурия ба вазъияти қабл аз шурӯи буҳрон дар ин кишвар бозмегардад.

Кардинал Башора Роӣ, раҳбар масеҳиёни Моронии Лубнон низ дар ин дидор гуфт, Ҳукумати Лубнон хоҳони бозгашти сулҳу амният ба Сурия ва хориҷ шудани террористҳо аз ин кишвар аст. Ҳамчунин Шайх Ҳисун ҳамроҳи Алӣ Абдулкарималӣ, сафири Сурия дар Лубнон бо генерал Мишел Увн, раисҷумҳури Лубнон дидору гуфтугӯ кард.

 

Барчасп