Артиши Сурия корвони низомии Амрикоро водор ба ақабнишини кард
(last modified Wed, 09 Nov 2022 05:47:41 GMT )
Ноябр 09, 2022 10:47 Asia/Dushanbe
  • Лозим ба зикр аст, ки давлати Сурия борҳо таъкид карда, ки низомиёни амрикоӣ дар шарқу шимоли шарқии ин кишвар ҳадафе ҷузъ ғорати нафт надоранд
    Лозим ба зикр аст, ки давлати Сурия борҳо таъкид карда, ки низомиёни амрикоӣ дар шарқу шимоли шарқии ин кишвар ҳадафе ҷузъ ғорати нафт надоранд

Манобеъи сурӣ аз иқдоми як пости ист ва бозрасии артиши Сурия дар ақаб рондани корвони низомии ишғолгарони амрикоӣ дар Ҳума-Ал-Ҳаска хабар доданд.

Бо шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ ба унвони бозуи низомии Амрико дар Сурия дар сентябри 2017, нерӯҳои амрикоӣ мустақиман ҷойгузини онҳо шуданд ва дақиқан аз ҳамон замон низ ба ҷои ДОИШ шурӯъ ба истихроҷ ва сирқати нафт ва манобеъи Сурия карданд.

Ба гузориши Садои Хуроосн ба нақл аз рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории расмии Сурия ( Сано) як пости ист ва бозрасии артиши Сурия аз  ҳаракати корвони низомиии Амрикро дар Ҳума воқеъ дар  шимолу ғарби Ал-Ҳаска ҷилавгирӣ ва онҳоро водор ба ақабнишини кард.

Манобеъӣ маҳали дар ин бора гуфтанд, Як исти бозрасии артиши Сурия дар  воқеъ дар Ҳума, шимолшу ғарби Ал-Ҳаска монеъи вурӯди як корвони низомии ишғолгарони амрикоӣ муташакил аз 8 худрав ба ин русто шуд ва онҳоро аз минтақа берун ронд.

Лозим ба зикр аст, ки давлати Сурия борҳо таъкид карда, ки низомиёни амрикоӣ дар шарқу шимоли шарқии ин кишвар ҳадафе ҷузъ ғорати нафт надоранд ва бояд ҳузӯри ғайри қонунии онҳо поён додакшавад.

 

Бештар бихонед: