Ноябр 23, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
  • Муқовимати  Ариналусуд дар баёнияе эълом кард, ин нерӯҳо дар канори гурдони Наблус дар муқобила бо низомиёни саҳюнист дар ин  шаҳр ширкат доштааст
    Муқовимати Ариналусуд дар баёнияе эълом кард, ин нерӯҳо дар канори гурдони Наблус дар муқобила бо низомиёни саҳюнист дар ин шаҳр ширкат доштааст

Манобеи хабари гузориш доданд, нерӯҳои муқовимати Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ бо юриши низомиёни саҳюнистӣ ба Наблус муқобила карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Фаластин Алявм, гурдони Наблус нерӯҳои муқовимати Фаластин, дар хиёбони Қудси Наблус ба самти нерӯҳои низомии саҳюнистӣ, ки ба ин шаҳр юриш бурда буданд тирандозӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, муҷоҳидони гурдони Алқудси  шохаи Наблус, худравҳои зареҳии низомиёни саҳюнистиро бо бастаҳои инфиҷорӣ дар шарқи Наблус ҳадаф қарор доданд.

Аз сӯйи дигар гурӯҳи муқовимати  Ариналусуд дар баёнияе эълом кард, ин нерӯҳо дар канори гурдони Наблус дар муқобила бо низомиёни саҳюнист дар ин  шаҳр ширкат доштааст. 

Дар ҳамин ҳол,низомиёни саҳюнист дар ҳимоят аз шуморе аз шарканишинони саҳюнист, ки ба мақбараи Юсуфи Набӣ(а) дар Наблус рафта буданд, бо ҷавонони фаластинӣ даргир шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп