“Эрон интирнашнол”; бозуии амалиёти равонии Моссад алайҳи эрониён
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121006
Порс-Тудей.  Aсноду шавоҳид нишон медиҳанд, ки шабакаи “Эрон интирнашнол” , шохае аз барномаи иттилоотии  “Моссад” ва бозуии амалиёти равонии алайҳи эрониён аст .
(last modified 2025-07-16T09:07:16+00:00 )
Июл 14, 2025 09:44 Asia/Dushanbe
  • “Эрон интирнашнол”; бозуии амалиёти равонии Моссад алайҳи эрониён
    “Эрон интирнашнол”; бозуии амалиёти равонии Моссад алайҳи эрониён

Порс-Тудей.  Aсноду шавоҳид нишон медиҳанд, ки шабакаи “Эрон интирнашнол” , шохае аз барномаи иттилоотии  “Моссад” ва бозуии амалиёти равонии алайҳи эрониён аст .

“Эрон интирнашнол” , як шабакаи телевизиюнии моҳвораӣ аст, ки барномаҳояш аз Лондон пахш мешавад. Сайти ин шабакаи форсӣ забон ба забонҳои англисӣ ва арабӣ низ фаъоласт, ва нусхаи Афғонистони он низ дар ихтиёри корбарон қарор дорад .

“Эрон интирнашнол”, дар ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи режими Исроилу ҳомионаши алайҳи Эрон , ва пеш аз он , ҷанги равонии густардаеро алайҳи Эрон ба роҳ андохта буд . Ин шабака борҳо бо интишори ахбори кизбу таҳрифӣ , саъй дар эҷоди тафриқау ноамнӣ дар Эрон доштааст . Ба тозагӣ, гуруҳи ҳакерии « Ҳанзала », шабакаи “Эрон интирнашнол”- ро ҳак кард . Дар ин матлаб аз Порс-Тудей, ба баррасии ҳамкории ин шабака бо дастгоҳи иттилоотии режими саҳюнистӣ; “Моссад”,  алайҳи Эрон пардохта шудааст :

Воқеиятҳо нишон медиҳанд, ки шабакаи “Эрон интирнашнол” на як расонаи мустақил , балки бозуии “Моссад” дар ҷанг алайҳи Эрон талаққӣ мешавад . Нақшофаринии “Эронситезона”и ин шабака , дар рӯзҳои ахир дар ҳолеаст, ки пеш аз ин низ худ саҳюнистҳоу хабарнигорони шабакаи “Эрон интирнашнол” , ба ин иртибот изъон кардаанд .

Yossi Melman, таҳлилгари умури иттилоотии расонаи саҳюнистии «Haaretz » дар гуфтугуe, бо ишора ба инки  “Эрон интирнашнол” як шабакаи мутаъаллиқ ба “Моссад” аст  , тасреҳ карда буд, ки “Моссад” иттилоотиро ки намехоҳад ба номи худ мунташир кунад , аз тариқи ин шабака мунташир мекунад .

Барак Ровид, хабарнигори машҳури саҳюнист низ изъон кард, ки  “Моссад” ба сӯрати муназзам аз шабакаи “Эрон интирнашнол” , ба унвони бозуии ҷанги иттилоотӣ алайҳи Эрон истифода мекунад.

Бобак Исҳоқӣ , хабарнигори “Эрон интирнашнол” дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳам , дар гузорише, ба гарои ин шабака ба режими саҳюнистӣ барои террори сардори шаҳид « Сайид Разӣ Мӯсавӣ » , мусташори низомии Эрон дар Сурия ишора кард .

Як санади расмӣ; шохистарин шоҳид барои исботи иртиботи мустақими “Эрон интирнашнол” ва Исроил

Аммо дар рӯзҳои ахир гуруҳи киберии « Гумномон », пас аз эъломи ҳаки эмейлҳои маҳрамонаи шабакаи зидди Эронии “Эрон интирнашнол” , санаде мунташир кард, ки ба гуфта ин гуруҳ , лавҳи тақдири расмӣ аз сӯии дафтари Бинёмини Натанёҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ барои ин шабака аст . Бар асоси иттилооти мунташир шуда , ин санад шохистарин шавоҳид барои исботи иртиботи мустақим миёни шабакаи “Эрон интирнашнол”у режим маҳсуб мешавад . Санаде бо унвон « Certificate of Appreciation » бо сарбарги расмӣ ва ба забони англисӣ, ки хитоб ба  “Эрон интирнашнолу хабарнигорони он”,  танзим шуда ва дар он ба истилоҳ аз « талошҳои содиқонау шуҷоъона »-и ин шабака дар пӯшиши рӯйдодҳои Эрон , ба вижа иғтишошоти дохилӣ , қадрдонӣ шудааст .  

Интишори ин санад аз сӯи Исроилу истифодаи мустақим аз алфозе чун;  “Эрон интирнашнолу  хабарнигорони шуҷоъи он “ , муҳри таъиде бар вобастагии расмии ин шабака ба режим аст .  Бинобарин, “Эрон интирнашнол” на танҳо дар сатҳи таҳлилӣ , балки ба сурати мустанаду расмӣ , бахше аз бозуии расонаии барномаи иттилоотии “Моссад” дар ҷанги таркибӣ алайҳи миллати Эрон муаррифӣ мешавад .

Бархе аз аҳдофи “Эрон интирнашнол”ро дар душмании ошкор бо мардуми Эрон метавон ба шарҳи зир хулоса кард :

Бузургнамоии воқеиятҳои зидди эронӣ

Барҷаста кардани мушкилоти дохили Эрон

Сиёҳнамоӣ алайҳи Эрон

Эҷоди  ваҳшат дар байни мардуми Эрон

Ҳимоят аз чеҳраҳои мухолифи Эрону терруристҳо

Эҷоди муҳити ноором дар Эрон

Тахриби чеҳраҳои мақомоти Эрон

Аз байн бурдани ваҳдати эрониён

 

Мусоҳиба бо қотилони мардуми Ғаззау Эрон

Шабакаи “Эрон интирнашнол” дар байни ҷанги тҳмлилии 12 рӯзаи Исроил ба Эрон , мусоҳибае бо Бинёмини Натанёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ бо муҷригарии Пуриё Зироатӣ тартиб дод; мусоҳиба бо фарде, ки оғозгари ҷанг бо Эрон буд ва дастонаш ба хӯни ҳазорон фаластинӣ ва мардуми Эрон оғишта аст . Ин мусоҳиба, ҳамсӯйи “Эрон интирнашнол” ро бо режим тасдик мекунад; мавзӯъи ки қаблан ҳам такрор шуда буд .

 

 

Аммо дар онсӯи моҷаро , амалкарди зидди амниятии шабакаи саҳюнистии “Эрон интирнашнол”у прупогондои васеъ дар ростои аҳдофи саҳюнистҳо садои бисёре аз  Мухолифифон Эронро низ дар оварда аст . Дар ҳамин робита , « Фаромарз Додрас » , афсари пешини горди режими Паҳлавӣ (режими шоҳаншоҳии ҳоким бар Эрон , қабл аз пирӯзии инқилоби исломӣ) дар рӯзҳои ахир дар як барномаи телевизиюнӣ , таъкид кард, ки Ризо Паҳлавӣ фарзанди Муҳаммад Ризо (шоҳи махлуъи Эрон) бо кумаки ин шабака дар ҳоли ҷосусӣ аз эрониён барои Исроил аст .

« Муҳаммади Манзарпур » чеҳра хориҷ нишину сардабири собиқи BBC форсӣ, низ ки собиқаи тӯлонӣ дар зиддият бо Эрон дорад , ахиран дар гуфтугуе , ин шабакаро масъули мустақими хӯн ҳар шаҳиде донист, ки Эрон дар ин ҷанг додааст . ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки кормандони ин расонаи зидди эронӣ ба сурати мустақим дар ҷанги алайҳи Эрон мушорикат доштаанд .

« Tақӣ Раҳмонӣ » ҳам, ки аз ҷумла Мухолифифони Эрон аст ; дар рӯзҳои ахир таъкид кард, ки ин шабака « Cадои худи Исроил » аст .

Пеш аз нақшофарӣнии зидди эронии шабакаи “Эрон интирнашнол” дар ҷанги 12 рӯза низ « Шаҳром Ҳумоюн » , мудӣри як шабакаи  телевизиюнии лос-Анҷелеси  дар гуфтугуе изҳор кард : « Нанг бар Интирнашнол , хиёнати ин шабака дар таърих бесобиқа будааст » .

Коршиносони сиёсӣ муътақиданд дар таҷовузи ахири Исроилу Амрико алайҳи Эрон ( аз 13 то 24 июни 2025 ) шабака  “Эрон интирнашнол” ошкоро ва собитқадам дар ҷабҳаи расонаии душманони Эрон истод ва ба трибуни таблиғотии ҷангии Исроил - Амрико алайҳи Эрон бадал шуд . Пӯшиши якҷонибау эронситезона аз ҳамалоти Исроилу Амрико аз сӯии ин шабака, бо забони хабарии таҳрикомезу омехта ба дурӯғ , хабарсозӣ ва бузургнамоӣ ба суди душманони эрониён нишон дод, ки ҳадафи ин шабака на итилоърасонии бетарафонау ҳирфаӣ, ки ташдиди фазои равонӣ ва тазъифи рӯҳияи  миллӣ дар Эрон буда аст; иқдоме, ки амалан бенатиҷа монд .