Ноябр 26, 2022 18:10 Asia/Dushanbe
  • Нотавонии режими саҳюнистӣ аз муқобила бо ҳамалоти фаластиниён

Охирин назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки саҳюнистҳо кабинаи ояндаи режими саҳюнистӣ ба раёсати Бенямин Натаняҳуро қодир ба муқобила бо ҳамалоти рӯ ба афзоиши фаластиниён намедонанд.

Ба гузориши хабаргузории Само, назарсанҷии як андешкадаи тахассусии режими саҳюнистӣ барои “шабакаи 12” ин режим нишон медиҳад, ки бештари саҳюнистҳо бар ин боваранд, ки кабинаи ҷадиди ин режим ба раёсати Натаняҳу роҳи ҳалле барои муқобила бо ҳамалоти ахири рӯ ба афзоиш нахоҳад дошт.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, 52 дарсад аз саҳюнистҳо бар ин боваранд, ки Натаняҳу ва Итамар Бен Гойер, раиси Ҳизби ифротии динии «ъУтсимо яҳудият» роҳи ҳалли сеҳромезе барои муқобила бо ҳамалоти ахир надоранд. Ин дар ҳоле аст, ки танҳо 31 дарсад аз онҳо муътақиданд, ки ин ду нафар роҳи ҳалли муносиб доранд.

 

Барчасп