Декабр 01, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос : Иҷозаи поймол шудани хуни шаҳидони фаластиниро намедиҳем

Исмоил Ризвон,аз раҳбарони ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин-Ҳамос ба шаҳодати ду узви гурдони Ҷанин дар даргирӣ бо низомиёни саҳюнист вокуниш нишон дод .

Ба гузориши Садои Хуросон вебгоҳи Алаҳд навишт,Исмоил Ризвон дар вокуниш ба шаҳодати Муҳаммад Ассаъдӣ ва Наим Алзубайдӣ гуфт : Ман ба аҳолии қаҳрамони Ҷанин ба далели муқовимати рӯ ба густариши онҳо табрик мегӯям; касоне ки аз Қудс, Масҷидулақсо ва кулли Фаластин дифо мекунанд .
Ризвон афзуд : Хуни шуҳадо ҳаргиз поймол нахоҳад шуд ва омиле барои ташдиди муқовимату даргирӣ бо ишғолгарон хоҳад буд .
Ризвон бо ишора ба инки муқовимат ба шеваи муносиби худаш ба ин ҷиноят посух медиҳад ; бар лузӯми ташдиди даргирӣ ва истодагӣ дар баробари ишғолгарони саҳюнист дар паи ин рухдод таъкид кард .
Низомиёни саҳюнист ва шаҳракнишинон барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранд ва фаластиниёнро шаҳид, захмӣ ва ё боздошт мекунанд ; размандагони фаластинӣ низ бо ҳар василае посухи ҷиноёти бешумори саҳюнистҳоро медиҳанд .

 

Барчасп