Декабр 03, 2022 17:03 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши амалиётҳои зиддисаҳюнистӣ дар арозии ишғолӣ аз сӯи фаластиниён

Муборизони фаластинӣ дар шабонарӯзи гузашта, 27 амалиёти мухталифи муқовиматӣ дар арозии ишғолӣ анҷом додаанд.

Маркази додаҳои фаластинии Маътӣ дар гузорише навишт, дар амалиёти муқовиматии фаластиниён дар маҷмӯъ 3 саҳюнист захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, ин амалиётҳо шомили 3 мавриди тирандозӣ ҳам буда ва фаластиниён дар чандин минтақа худравҳои саҳюнистҳоро ҳам мавриди ҳамла қарор додаанд.

Ҳамчунин муборизони муқовимат дар шабонарӯзи гузашта дар чандин нуқта бо ишғолгарони саҳюнист вориди даргирии мусаллаҳона шуданд.

Конуни аслии даргириҳои фаластиниён бо ишғолгарони саҳюнист ҳам шаҳрҳои Қудс, Ромуллоҳ, Наблос, Байтулаҳм ва Ал Халил будааст.

То пеш аз ин саҳюнистҳо фақат дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ва дар минтақаи Ғазза бо фаластиниҳо даргир буданд, вале ҳамакнӯн Каронаи Бохтарӣ дар шарқи Фаластин ба далели мусаллаҳ шудани ҷавонони он ба камингоҳе барои саҳюнистҳои буздил табдил шуда ва хоби роҳатро аз чашмони онҳо гирифтааст.

 

Барчасп