Декабр 20, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Зарари 64 миллиарддолларии ҷанги Саудӣ ба тиҷорати хориҷии Яман

Бахши тиҷорати хориҷии Вазорати санъат ва маъдани давлати Наҷоти миллии Яман мизони зарари ҷанги эътилофи саудӣ ба Яманро беш аз 64 миллиард доллар эълом кард.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ,баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.Ҷангафрӯзи Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, бахши тиҷорати хориҷии Вазорати санъат ва маъдани давлати Наҷоти миллии Яман бо интишори гузорише маҷмӯъи хисорот ва зарарҳои ворида ба тиҷорати хориҷии Яман дар бозаи замонии 2015 то поёни сол 2021-ро 64.7 миллиард доллар унвон кард.

 Бар асоси ин гузориш, тоҷирони яманӣ бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ ҳастанд ва бисёре аз воридкунандагони яманӣ ба далели нотавонӣ дар ҳамлу нақл ва тархиси колоҳое, ки аз ширкатҳои хориҷӣ харидорӣ карда буданд ва ҳамчунон тархис нашудаанд, мутаҳаммили зарару зиёни ҳангуфте шудаанд.

 Ҳамчунин бархе колоҳо низ ба наздики бандарҳо расида, аммо иҷозаи вуруд ба банодири Яманро надоштанд ва муддати зиёде дар онҷо монданд, ки туҷҷори яманиро мутаҳаммили зиёнҳои зиёде аз ҷумла пардохти ҳазинаҳо ва ҷаримаҳои таъхиркарда ва ҳамчунин бархе аз он колоҳо ба иллати бозаи замонии масрафи мушаххас дар маърази хатари инқизо қарор доранд.

 Дар ин гузориш муҳиммтарин мушкилот ва мавонеъи пеши рӯйи тиҷорати хориҷии Яман, идомаи муҳосираи ҳамаҷонибаи баҳрӣ ва ҳавоии эҷодшуда аз сӯи кишварҳои эътилофи  саудӣ баён шуда, ки ихтилолоти зиёдеро дар ҳаракати тиҷории Яман эҷод кардааст.

 Бахши тиҷорати хориҷии Вазорати санъат ва маъдани Яман эълом кард, муҳосираи банодири Яман, ҳазинаҳои болои ҳамлу нақл, маболиғи газофи бимаи коло ва ғайра мунҷар ба адами тамоюли ширкатҳои киштиронии байналмилалӣ ба ирсоли коло ба банодири Яман шуда, ки таваққуфи тақрибан комили даромадҳои арзии Яман, коҳиш ҳаволаҳои хориҷӣ ва коҳиши молиёт давлатро ба думбол доштааст.

 

 бештар бихонед :

 

Барчасп