Декабр 29, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Паҳподҳои шиносоӣ ва ҷосусии Эътилофи саудӣ вориди осмони Алҳудайда шуданд
    Паҳподҳои шиносоӣ ва ҷосусии Эътилофи саудӣ вориди осмони Алҳудайда шуданд

Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта устони Алҳудайда (ғарби Яман) - ро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ, мушакӣ ва тӯпхона қарор додааст.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи шабакаи “Алмасира”, утоқи амалиёти артишу кумитаҳои мардумии Яман дар устони Алҳудайда эълом кард, паҳподҳои шиносоӣ ва ҷосусии Эътилофи саудӣ вориди осмони минтақаи Алҷабалия ва Ҳайс шуданд ва ба гаштзанӣ пардохтанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамалоти ракетии Эътилофи саудӣ низ дар манотиқи мухталифе аз устони Алҳудайда идома доштааст ва воҳиди тӯпхонаи Эътилофи саудӣ низ манотиқеро дар Алҷабалияву Ҳайс ҳадаф қарор доданд.

Ин гузориш меафзояд, паҳподҳои шиносоӣ ва мусаллаҳи Эътилофи саудӣ дар ду навбат манотиқи мазкурро ҳадаф қарор доданд.

Пештар Ҷалол Алравешон, муовини дифоӣ ва амниятии нахуствазири Яман гуфта буд, ки вазъият на сулҳ ва на ҷанг, як таҳдид аст ва такяи мо бар иттиҳоди миллат ва масъулон аст.

Ҳамчунин Маҳдӣ Алмашот, раиси Шурои олии сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи саудӣ тақрибан аз байн рафтааст.

 

Барчасп