Декабр 13, 2016 09:55 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Ҳалаби Сурия озод шуд

Артиши Сурия душанбе‎шаб ба таври расмӣ хабари озодсозии комили шаҳри роҳбурдии Ҳалаб, муҳимтарин пойгоҳи гурӯҳҳои террористиро дар шимоли ин кишвар таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ба нақл аз “Спутник”, артиши Сурия эълом кард, бо берун ронда шудани гурӯҳҳои террористӣ аз охирин пойгоҳҳои худ дар шарқи Ҳалаб, ин шаҳр пас аз панҷ сол ба таври комил аз ишғоли террористҳо хориҷ шуд.

Бар асоси ин гузориш, то асри душанбе фақат се минтақа дар шарқи Ҳалаб дар ишғоли террористҳо буд, ки бо берун ронда шудани ин гурӯҳҳо аз ин манотиқ, шаҳри Ҳалаб ба таври комил ба контроли артиши Сурия даромад.

Бархе хабарҳо ҳам аз вуҷуди даргириҳои пароканда дар Ҳалаб ҳикоят дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба дунболи озодсозии Ҳалаб, сокинони ин шаҳр барои ҷашну поӣкӯбӣ ба муносибати пирӯзӣ дар баробари террористҳо вориди хиёбонҳо шуданд ва ин пирӯзии бузургро ба якдигар табрик гуфтанд.

Ҳамчунин дар пайи шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Ҳалаб, афроди ин гурӯҳҳо якдигарро ба хиёнат муттаҳам карданд.

Артиши Сурия аз ду рӯзи пеш бар озодии қарибулвуқӯи Ҳалаб, муҳимтарин пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ таъкид дошт. Дар ҳафтаҳои ахир, ки террористҳо шикастҳои сангине дар Ҳалаб мутаҳаммил шуда буданд, ҳомиёни онон бо баргузории нишастҳои мухталиф талош доштанд амалиёти артиши Сурияву муттаҳидонашро дар шарқи Ҳалаб мутаваққиф кунанд.

 

Барчасп