Вокуниши Покистон ба беҳурматии саҳюнистҳо ба Масҷидул-Ақсо
Покистон беҳурматии як мақоми режими саҳюнистӣ ба Масҷидул-Ақсоро маҳкум кард .
Итамар Бен Гойер-вазири амнияти дохилии режими Исроил рӯзи сешанбе бо ҳамроҳии полиси ин режим ба унвони аввалин вазири кабинаи Бинямин Натаняҳу пас аз панҷ сол вориди ҳавлии Масҷидул-Ақсо шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати умӯри хориҷаи Покистон рӯзи панҷшанбе дар баёнияе бо таҳрикомез хондани боздиди вазири амнияти Исроил аз муҳавватаи Масҷидул-Ақсо эълом кард : Ин макон мавриди эҳтироми мусулмонон дар саросари ҷаҳон аст; аз ин рӯи нақзи ҳурмати он рӯҳияи мусулмононро озурдаву мӯҷиби таниш дар сарзаминҳои ишғолӣ хоҳад шуд .
Вазорати умӯри хориҷаи Покистон таъкид кард : Исроил бояд иқдомоти ғайриқонунии худро мутаваққиф карда ва ба ҳурмати маконҳои мазҳабии мусулмонон дар сарзаминҳои Фаластини ишғолӣ эҳтиром бигузорад .
Дар ин баёния омадааст : Покистон бори дигар бар ҳимояти қотеъи худ аз муборизаи машрӯъи мардуми Фаластини барои расидан ба ҳаққи таъйини сарнавишт таъкид мекунад .
Покистони хостори ташкили кишвари Фаластинии пойдор, мустақил ва пайваста мутобиқ бо марзҳои таъйиншудаи қабл аз 1967 ба пойтахтии Қудси шариф аст .