Январ 12, 2023 14:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани корвони эътилофи амрикоӣ дар Ироқ

Як корвони пуштибонии эътилофи амрикоӣ дар шимоли пойтахти Ироқ ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор гирифт.

Пас аз мусаввабаи порлумони Ироқ барои берун кардани низомиёни амрикоӣ аз хоки ин кишвару тааллули Бағдод дар ин амр, корвонҳои пуштибонии эътилофи амрикоӣ ба таври ҳафтагӣ ва гоҳе дар тӯли як рӯз чанд бор ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор мегиранд.

Чанд мошини ҳомили таҷҳизоти пуштибонӣ ва низомии вобаста ба эътилофи амрикоии зидди ДИИШ субҳи имрӯз панҷшанбе дар шимоли Бағдод ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор гирифт.

Ин инфиҷор дар ҷодаи минтақаи Ал Тоҷӣ ба Бағдод рух доду талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Бисёре аз мардум ва гуруҳҳои муқовимат эълом кардаанд, дар сӯрати ҳузури неруҳои амрикоӣ дар ин кишвар, онҳо ҳаққи худ медонанд, ки бо мутаҷовизону ишғолгарон муқобила кунанд.

 

Барчасп