Январ 12, 2023 15:59 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати як фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист

Як шаҳрванди фаластинӣ дар юриши низомиёни режими ишғолгари исроилӣ дар шимоли шаҳри ишғолии Қудс ба шаҳодат расид.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф, бо ҳамла ба мардуми мазлӯми Фаластин, ононро ба шаҳодат расонда, маҷрӯҳ ва ё боздошт мекунанд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, як шаҳрванди фаластинӣ рӯзи панҷшанбе дар юриши низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ ба урдӯгоҳи Қаландё дар шимоли шаҳри ишғолии Қудс ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расид.

Юриши неруҳои ягони вижаи артиши режими саҳюнистӣ бо таҷҳизоти низомӣ ба ин урдӯгоҳ, мунҷар ба даргирии ҷавонони фаластинӣ бо онҳо шуд.

Аз сӯи дигар, низомиёни саҳюнист ба шаҳре дар ҷануби Алхалил юриш бурданд ва ба манзили хонаводаи шаҳид Санад Самомраҳ омили амалиёти зидди саҳюнистӣ наздики Алхалил ҳамла карда ва аҳолии ин шаҳрро бо бомбҳои савтӣ ва газӣ ҳадаф қарор доданд.

Низомиёни ишғолгари саҳюнист бомдоди чаҳоршанбе ба урдӯгоҳи Балотаҳ дар Наблус юриш бурда ва як ҷавони фаластиниро аз ноҳияи сар мавриди ҳадаф қарор доданд.

 

Барчасп