Шодии мардуми Ҳалаб аз пирӯзӣ дар баробари террористҳо  
(last modified Tue, 13 Dec 2016 13:21:50 GMT )
Декабр 13, 2016 18:21 Asia/Dushanbe

Мардуми Ҳалаб бо ҳузур дар хиёбонҳо озодии бештари бахшҳои ин шаҳрро аз ишғоли террористҳо ҷашн гирифтанд. 

Мардуми шаҳри Ҳалаби Сурия бо ҳузур дар хиёбонҳо ба ҷашн ва шодмонӣ пардохтанд ва ҳимояти худро аз давлати қонунии Димишқ ва артиши Сурия эълом карданд.   

Ҳамакнун беш аз 95 дарсад аз хоки Ҳалаб озод шуда ва даргириҳо дар чанд маҳаллаи шарқии ин шаҳр барои поксозии комили террористҳо идома дорад.  

Ҳусайни Муртазо, хабарнигори Алъолам пеш аз зуҳри сешанбе дар гузорише зинда аз Ҳалаб гуфт: Таи чанд соати гузашта минтақаи Алкилоса озод шуд, ки аз муҳимтарин манотиқи таҳти контроли гурӯҳҳои мусаллаҳ буд.

Хабарнигори Алъолам дар Ҳалаб эълом кард, агар амалиёти артиши Сурия бо раванди кунунӣ пеш биравад, то чанд соати дигар контроли комили артиши Сурия бар шаҳри Ҳалаб ва озодсозии комили он эълом хоҳад шуд.

Террористҳои мусаллаҳи боқимонда дар бахши шарқии  Ҳалаб ҳам, ки лаҳза ба лаҳза арса бар онҳо тангтар мешавад, ба ғайринизомиён тирандозӣ мекунанд.