Январ 17, 2023 14:14 Asia/Dushanbe
  • Соли 2022,соли афзоиши муҳоҷирати баръакси саҳюнистҳо

Соли 2022 , соли афзоиши муҳоҷирати баръакси саҳюнистҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ ба ватани аслии худ ё бақияи нуқоти ҷаҳон буд .

Таи назарсанҷии анҷомшуда дар сарзаминҳои ишғолӣ 30 дарсад аз саҳюнистҳо пас аз интихоботи ахири режими саҳюнистӣ ба дунболи хориҷ шудан аз сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд .
Ҷангталабии режими саҳюнистӣ дар минтақа, ваъдаҳои дуруғин ба яҳудиён ва шикастҳои пай дар пай аз гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ аз ҷумлаи авомили муҳоҷирати баръакси саҳюнистҳо эълом шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маркази сиёсатгузории муҳоҷирати Исроил рӯзи душанбе дар гузорише эълом кард шумори мавориди муҳоҷирати баръакси муҳоҷирони саҳюнист аз сарзаминҳои ишғолӣ дар соли 2022 ба шакли қобили таваҷҷӯҳе нисбат ба солҳои қабл аз он афзоиш пайдо кардааст .
Маркази сиёсатгузории муҳоҷират бар асоси таҳлиле, ки аз додаҳои дафтари омори марказии соли 2022-и Исроил анҷом додааст, эълом кард аксарияти яҳӯдӣ дар ( сарзаминҳои ишғолӣ ) аз 73.9 дарсад дар поёни соли 2021 ба 73.6 дарсад дар поёни соли 2022 коҳиш ёфт, то нисбати аксарияти яҳудӣ дар Фаластини ишғолӣ таи 3 даҳаи гузашта 10 дарсад коҳиш пайдо кунад ،
Пеш аз ин гуруҳҳое аз ҷавонони фаъол дар бахши фанновариҳои навин дар сарзаминҳои ишғолӣ  эълом карданд ба далели нигаронӣ аз сиёсатҳои кабинаи ояндаи режими саҳюнистӣ тасмим ба муҳоҷират гирифтаанд.
Бар асоси пажуҳише аз сӯи Исроил дар соли 2020 ҳудуди 16 ҳазор яҳудӣ ба далели мӯшакҳои муқовимат, ки таҳдиди бузурге барои зиндагии онҳо аст, сарзаминҳои ишғолиро тарк кардаанд . Тамоюли шаҳракнишинон барои тарки сарзаминҳои ишғолӣ ҳамзамон бо тамоюл надоштани яҳудиёни ҷаҳон барои муҳоҷират ба ин сарзаминҳо  аст .

 

Барчасп