Феврал 05, 2023 19:18 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани сафорати Арабистон дар Кобул

Сафорати Арабистон дар Кобул, пойтахти Афғонистон баста шудааст.

Билол Сарварӣ, фаъоли расонаии афғон дар “Твиттер”-и худ имрӯзи якшанбе навишт, тамомии 19 корманди сафорати Арабистон дар Кобул, бинои ин сафоратхонахоро бидуни тавзеҳи хосе тахлия кардаанд.

Бархе манобеи афғон низ ин эҳтимолро додаанд, сафорати Арабистон дар Кобул мумкин аст дар пайи афзоиши таҳдидҳои амниятӣ тахлия шуда бошад.