Феврал 07, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • Зилзила боз ҳам ҷануби Туркияро ларзонд

Манобеи хабарӣ бомдоди имрӯз сешанбе аз вуқуъи заминларзаи дигар ба бузургии 5.4 дараҷаи Рихтер дар ҷануби Туркия хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, созмони ларзанигории Туркия эълом кард зилзилаи бомдоди имрӯз дар шаҳри " Гоку Сан " дар устони " Қаҳрамон маръаш " ин кишвар ба вуқуъ пайваст .
Бар асоси ин гузориш дар соъоти гузашта ҳар 10 дақиқа як зилзила дар Туркия рух додааст .
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Туркия аз афзоиши шумори ҷонбохтагони заминларзаи ахири ин кишвар ба ҳудуди се ҳазор нафар хабар додааанд .
Ҳамчунин бар асоси охирин хабарҳо теъдоди маҷрӯҳони заминларзаи Туркия низ 15 834 нафар эълом шудааст .
Беш аз шаш ҳазор сохтимон низ дар шаҳрҳои мухталифи Туркия дар паи вуқуъи заминларзаи маҳиб дар ин кишвар фуру рехтааст.

Заминларзае ба бузургии 7.8 Рихтер бомдоди душанбе ҷануби Туркия ва шимоли Сурияро ларзонд . Дар ҷараёни ин заминларза, ки ҳазорон қурбонӣ бар ҷой гузошта хисоратҳои зиёде ба сохтимонҳо ворид шудааст .
Тимҳои наҷоту ҷустуҷӯ дар ҳоли оворбурдорӣ ва наҷоти касоне ҳастанд, ки дар зери оворҳо гирифтор шудаанд.

 

Барчасп