Талафоти заминларзаи Туркияву Сурия ба беш аз 4300 нафар расид
(last modified Tue, 07 Feb 2023 08:08:21 GMT )
Феврал 07, 2023 13:08 Asia/Dushanbe
  • Талафоти заминларзаи Туркияву Сурия ба беш аз 4300 нафар расид

Ҷадидтарин омор аз заминларзаи 7.8 Рихтери Туркия баёнгари он аст, ки то кунун беш аз 4 300 нафар дар Туркияву Сурияи ҷони худро аз даст доданд.

Заминларзаи бузурге бомдоди душанбе ҷануби Туркияву шимоли Сурияро ларзонд . Дар ҷараёни ин заминларза хисоратҳои зиёде ба сохтмонҳо ворида шуду тимҳои наҷоту ҷустуҷӯ дар ҳоли оворбардорӣ ва наҷоти касоне ҳастанд, ки дар зери оворҳо гирифтор шудаанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шумори талафоти зилзила дар саросари Сурия ( манотиқе дар кантроли давлати ин кишвар ва манотиқе дар контроли терруристҳо ) ба 1451 кушта ва 3531 захмӣ афзоиш ёфт .
Вазорати беҳдошти Сурия эълом кард ، шумори талафоти зилзила дар устонҳои Ҳалабозқия,Ҳимоҳ, Идлиб ва Тартус ба 764 кушта ва 1 448 захмӣ афзоиш ёфт ки ин оморҳо ниҳоӣ нест .
Тимҳои вокуниш ба балоёи табиӣ дар Туркия гузориш доданд беш аз 5 ҳазору 600 сохтмон дар чандини шаҳри ин кишвар бо хок яксон шудаанд, ки дар ҳини вуқуъи аввалин заминларза дар якшанбешаб мамлу аз сокиноне буда, ки дар утоқҳои худ дар хоб ба сар мебурданд.
Шиддати заминларзаҳо дар Туркия ба андозае буд, ки мавҷе аз ваҳшатро дар миёни сокинони ин манотиқ ба вуҷуд овард .
 Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки талафот ба таври ғайри қобили ҷуброне афзоиш ёбад ва дар ҳамин росто мақомҳои Созмони ҷаҳонӣ беҳдошт баровард кардаанд, ки эҳтимолан талафоти ин заминларза ба ҳудуди 20 ҳазор нафар бирасад .