Феврал 14, 2023 14:36 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад : Бояд кумакҳои фаврӣ вориди ҳамаи манотиқи Сурия шавад

Раиси ҷумҳӯри Сурия дар дидори муовини дабири кулли Созмони Милал дар умӯри башардӯстона таъкид кард, ки бояд талошҳои байналмилали мутамаркиз ба бозсозии зерсохтҳои Сурия бошад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Миллал дар умӯри башардӯстона шомгоҳи душанбе бо Башор Асад-раиси ҷумҳӯри Сурия дидору гуфтугу кард .
Дар ин дидор пайомадҳои зилзила дар Сурия ва ниёзҳои инсонии фаврии миллати ин кишвар барои убӯр аз ин буҳрон баррасӣ шуд .
Грифитс гуфтавлати Сурия ба суръат дар раванди наҷоту имдодрасонии сариъ вориди амал шуд .
Вай ҳамчунин таъкид кард ки Созмони милал дар ростои имдодрасонӣ ва рафъи ниёзҳои инсонии мардуми Сурия талош хоҳад кард .
Башор Асад ҳам дар ин дидор гуфт бояд кумакҳои фаврӣ ба ҳамаи манотиқи Сурия ворид шавад ; аз ҷумлаи манотиқе ки таҳти ишғоли гуруҳҳои террористӣ қарор дорад .
Вай ин масаъларо ниёзи мубрам барои миллати Сурия ва бозгашти оворагони сурӣ ба ин кишвар қаламдод кард .

Бештар бихонед :

 

Барчасп