Феврал 13, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Ниёзи 15 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона дар пайи зилзила дар шимолӣ Сурия
    Ниёзи 15 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона дар пайи зилзила дар шимолӣ Сурия

Давид Милибанд мудири Кумитаи байналмиллалии Наҷот якшанбе гуфт: Дар пайи зилзила дар шимолӣ Сурия, 15 миллион нафар дар саросари ин кишвар ба кумакҳои башрадӯстона ниёз доранд.

Заминларзае ба бузургии 7.8 даҳум риштарӣ душанбеи гуузашта ҷанубӣ Туркия ва шимолӣ Сурияро ларзонд, ки талафот ва хисороти сангине ба ҳар ду кишвар ворид кард.

Бар асоси охарин гузоришҳо то кунун наздик ба 4 ҳазор нафар дар Сурия дар ин фоҷеаӣ табиӣ ҷон бохтаанд.

Ба гузориши Ирно, Давид Милибанд ҳамчунин афзӯд, ин Созмон аз тариқи Туркия ба шимолӣ Сурия кумакҳои башардӯстонаро ирсол мекунад.

Дар ҳамин ҳол " Башор Асад" раиси Ҷумҳӯрии Сурия рӯзи якшанбе дар Дамишқ бо раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи вазъияти зилзилазадагони сурӣ гуфтугӯ кард.

Бештар бихонед:

Барчасп