Ҷон бохтани даҳҳо нафар бар асари борандагии шадиду вуқуъи сел дар шимоли Афғонистон
(last modified 2024-05-20T07:19:53+00:00 )
Май 20, 2024 12:19 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани даҳҳо нафар бар асари борандагии шадиду вуқуъи сел дар шимоли Афғонистон
    Ҷон бохтани даҳҳо нафар бар асари борандагии шадиду вуқуъи сел дар шимоли Афғонистон

Раиси Созмони иттилоърасонии устони Фориёби Афғонистон аз ҷон бохтани даҳҳо нафар бар асари борандагии шадид ва вуқуъи сел дар шимоли ин кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , « Шамсиддин Маҳмадӣ » раиси Созмони иттилоърасонии устони Фориёб , шимоли Афғонистон , рӯзи якшанбе эълом кард дасти кам 47 нафар дар пайи идомаи борандагии шадид ва ҷорӣ шудани селоб дар шимоли ин кишвар ҷон бохтаанд. Маҳмадӣ афзӯд , барасоси гузоришҳои аввалия , дасти кам 300 хона бар асари борандагии шадид ва вуқуъи сел дар шимоли Афғонистони тахриб шудааст .

«Мавлавӣ Абдулҳайи Заъим » раиси Созмони иттилоърасонии устони Ғӯр , маркази Афғонистон , низ гуфт , 50 нафари ҳам рӯзи шанбе дар ин устон ҷон бохтанд .

Афғонистон мустаъиди балоёи табиӣ аст ва Созмони Милали Муттаҳид , ин кишварро яке аз осебпазиртарин кишварҳо дар баробари тағироти иқлимӣ медонад .

Ба гуфтаи мақомҳои Афғонистон , селҳои ногаҳони ношӣ аз борандагиҳои шадиди тайи ҳафтаи гузашта ба рӯстоҳои шимоли ин кишвар хисорати зиёдӣ ворид карда ва 315 кушта ва беш аз ҳазору 600 маҷрӯҳ барҷоӣ гузоштааст .

Барчасп