Сафари ҳайати эронӣ ба Кобул барои гуфтугӯ дар хусӯси оби рӯдхонаи Ҳирманд
(last modified 2024-07-25T05:11:46+00:00 )
Июл 25, 2024 10:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати эронӣ ба Кобул барои гуфтугӯ дар хусӯси оби рӯдхонаи Ҳирманд

Муовини вазири неруии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба Кобул сафар карда, дар дидор бо сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукӯмати Толибони Афғонистон ибрози умедворӣ кард, ки Эрон то поёни солҷории хуршедӣ, об бештаре аз рӯдхонаи Ҳирманд ба даст оварад.

Ба гузориши радиои Дарии бурунмарзии шабакаи Саҳоб, вазорати хориҷаи ҳукӯмати Толибони Афғонистон бо интишори эъломияе эълом кард, Муҳаммади Ҷавонбахт, муовини вазири нерӯи Эрон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умӯри хориҷаи Толибон дар Кобул дидор кардааст. Дар ин дидор дар бораи равобити дуҷониба, оби рӯдхонаи Ҳирманд ва ҳамкорӣ дар пружаҳои обӣ, гуфтугӯ шудааст.

Муттақӣ дар ин дидор равобит бо Эронро дӯстона ва наздик хонд ва таъкид кард, ки дар сӯрати вуҷӯди об, талош хоҳад шуд то оби бештаре аз рӯдхонаи Ҳирманд ба Эрон бирасад.

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп