Феврал 16, 2023 11:40 Asia/Dushanbe
  • Саҳюнистҳо дар садади тахриби хонаи шаҳид Муҳаммадкамол Алҷаъбари
    Саҳюнистҳо дар садади тахриби хонаи шаҳид Муҳаммадкамол Алҷаъбари

Артиши режими саҳюнистӣ хонаи яке аз муҷриёни амалиётҳои муқовиматиро дар ҷануби Каронаи Бохтарии рӯди Урдун тахриб хоҳад кард.

Бо рӯйи кор омадани кобинаи тундрави режими саҳюнистӣ, тахриби манозили фаластиниён ва тавсеаи шаҳраксозӣ дар сояи сукути ҷомеаи байналмилалӣ ба шиддат тавсеа ёфтааст.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, хонаи Муҳаммадкамол Алҷаъбари, муҷрии амалиёти зиддисаҳюнистии 29 октябри гузашта, ки ба ҳалокати як хохоми саҳюнист дар шаҳраки Кариот Арбаъ дар Алхалил мунҷар шудро тахриб хоҳад кард.

Хонаи ин шаҳиди фаластинӣ дар Алхалил, дар ҷануби Каронаи бохтарӣ воқеъ шудааст.

Шаҳид Муҳаммадкамол Алҷаъбари 29 октябр дар амалиёте қаҳрамонона дар вурудии шаҳраки Кариот Арбаъ дар Алхалил як хохоми исроилиро ба ҳалокат расонд ва 5 нафари дигарро захмӣ кард.

Алҷаъбари пас аз ин амалиёт ба зарби гулулаи низомиёни исроилӣ ба шаҳодат расид.

 

Барчасп