Мақоми низомии Яман: Арабистон миёнҷии ҳалли буҳрони Яман нест
Муовини нахуствазир дар умури амниятӣ ва дифоъи давлати наҷоти миллии Яман гуфт: Арабистон наметавонад нақши миёнҷиро барои ҳалли буҳрони Яман дошта бошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон рузи якшанбе шабакаи Алмасира Ҷалол Алравишон, муовини нахуствазир дар умури амнияӣ ва дифъоӣ давлати наҷоти миллии Яман эълом кард барои шаҳрвандони яманӣ ё ҳатто барои нозири беруни қобили қабул ё мантиқӣ нест, ки Арабистони Саъудӣ пас аз ин ҳамаҷиноят худро миёнҷи муъаррифи кунад.
Алравишон таъкид кард ин ки мутаҷовиз ба миёнҷи табдил шавад ин мавзуъе аст, ки дин, мантиқ ва ақл онро намепазирад бино бар ин Арабистон набояд нақширо бар уҳда бигирад, ки муносиби у нест ва бояд даст аз муҳосира бардорад ва барои хуруҷ аз ин бунбаст неруҳои худро аз Яман хориҷ кунад.
Муовини нахуствазир дар умури амниятӣ ва дифоъӣ Яман ҳамчунин гуфт парвандаи башардустона як ҳақи мардуми аст, ки иртиботи бо музокироти низомӣ ва сиёсӣ надорад, аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳануз аз ин парванда ба унвони корти музокира истифода мекунад.