Феврал 20, 2023 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Натаняҳу дар баробари фаластиниҳо
    Ақибнишинии Натаняҳу дар баробари фаластиниҳо

Нахуствазири режими саҳюнистӣ бо тавсияи ниҳодҳои амнияти мабни бар коҳиши таъарузи шаҳракнишинон ба Масҷидулақсо дар даҳ рузи поёни наздик шудан ба моҳи Рамазон мувофиқат кард.

Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳувияти исломии фаластинӣ шаҳри Байтулмуқаддас ҳамвора ҳадафи иқдомоти вайронкоронаи ишғолгарони Қудс қарор дошта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи ибри забони Кон Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба рағми мухолифати шадид Итмор бин Гуир ду вазири ифротии саҳюнистӣ бо тавсияи ниҳодҳои амнияти мабни бар коҳиши таъарузи шаҳракнишинон ба Масҷидулақсо дар даҳ рузи поёнии наздик шудан ба моҳи мубораки Рамазон мувофиқат кард.

Ин иқдоми Натаняҳу дар ҳоли сурат гирифт, ки Ёкуб Шабтоб, раиси полиси режими саҳюнистӣ низ нисбат ба эҳтимоли оғози даври ҷадиди аз терорҳои сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ дар сарзаминҳои ишғоли ҳушдор дод ва гуфта аст: Вазъияти дохили бисёр печида ва ошуфта аст ва ба тарафи терорҳои сиёсӣ ва ҷанги дохили пеш меравад.

Пеш аз ин низ Исҳоқ Ҳертузг, раиси режими саҳюнистӣ дар суханони дар бораи вуқуқи ҷанги дохили дар сарзаминҳои ишғоли дар асари ташдиди ихтилофоти сиёсӣ ҳушдор дод ва сариҳан гуфта буд Исроил руй бушкаҳои маводи инфиҷори қарор дорад.

Барчасп