Афзоиши шумори ҷонбохтгони зилзилаи Туркияи
(last modified Sat, 25 Feb 2023 08:06:07 GMT )
Феврал 25, 2023 13:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтгони зилзилаи Туркияи

Созмони муқобила бо буҳрону балоёии табиии Туркия аз афзоиши ҷонбохтагони зилзилаи ин кишвар ба беш аз 44 ҳазору 218 нафар хабар дод.

Ду заминларзаи шадид шашуми феврали соли ҷории устонҳои ҷанӯбии Туркияву шимоли Сурияро ларзонд. Бар асари ин заминларзаҳо то кунун илова бар ҷон бохтани даҳҳо ҳазор нафар, хисоратҳои зиёде ба сохтмонҳои манотиқи зилзилазада низ ворид шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон бар асоси эъломи Туркия дар 19 рӯзи гузашта 9 ҳазору 136 пасларза рух дода, ки бузургтарин он 6.6 Рихтер будааст.
Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳӯри Туркия низ ахиран аз бозсозии манотиқи зилзилазада таи як соли оянда хабар дод ва аз шаҳрвандони ин манотиқ хост барои пайгирии натоиҷи арзёбии хисоратҳои манозили худ ба пойгоҳи ихтисосёфта барои ин мавзӯъ муроҷиа кунанд .
Пас аз вуқуъи зилзила дар Туркия илова бар эъломи як ҳафта азои умумӣ, маҷлиси ин кишвар низ ба пешниҳоди давлат вазъияти фавқулодда барои муддати се моҳ дар устонҳои зилзилазада тасвиб кард .

Бештар бихонед :