Декабр 17, 2016 12:51 Asia/Dushanbe
  • Миллати Эрон дар масири сарбаландии мусулмонони ҷаҳон

Муфтии аъзами Сурия таъкид кард, миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар роҳи сарбаландии мусулмонони ҷаҳон гом бармедорад.

Ба гузориши ИРНА, шайх Бадруддин Ҳисун, муфтии аъзами Сурия тайи изҳороти дирӯзаи худ пеш аз хутбаи намози ҷумъаи Теҳрон, бо ситоиш аз миллати Эрон дар ҳимоят ва ҳамроҳӣ бо мардум ва миллати Сурия дар ҷанг бо террористҳо ва мутаҷовизон ба ин кишвар гуфт, ҳама муъминон ва мусулмонон бо ҳам бародаранд.

 Муфтии аъзами Сурия ҳадаф аз сафар ба Теҳронро интиқоли паёми муҳаббат ва сипосгузории миллати Сурия ба миллати бузурги Эрон ва мақоми муаззами раҳбарӣ унвон ва изҳор дошт, нақши Эрон дар озодии шаҳри Ҳалаб, он ҷо ки ҳама террористҳо аз он берун ронда шуданд, собит кард, хуни мусулмонон дар ҳама ҷо ва ҳадафи муттаҳиди онон дар роҳи сарбаландии мусулмонон яке аст.

 Вай бо ибрози хурсандӣ аз пирӯзӣ дар Сурия, дар бораи пирӯзии Лубнон, Ғазза ва Қудс ибрози умедворӣ кард.

 Артиши Сурия рӯзи сешанбе шаҳри Ҳалаб дар шимоли ин кишварро пас аз панҷ сол аз ишғоли террористҳо озод кард.

 

Барчасп