Феврал 27, 2023 18:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Ҳамос дар бораи ҷиноятҳои шаҳракнинишон, фарохонии басиҷи умумии фаластиниён
    Ҳушдори Ҳамос дар бораи ҷиноятҳои шаҳракнинишон, фарохонии басиҷи умумии фаластиниён

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамсо" нисбат ба ҷиноятҳои афсоргусехтаи шаҳракнишинони ишғолгар дар Каронаи Ботхари ба вижа Ноблус таҳти ҳимояти кобинаи режими саҳюнистӣ ба шиддат ҳушдор дод.

Даҳотан аз шаҳракнишинони исроилӣ дар Каронаи Бохтари руди Урдун шабигузашта дар рустои фаластинии Ҳавора дар шимоли Каронаи Бохтари ва рустоҳои атрофи он ҳамла карда ва амлок ва худравҳои фаластиниёнро ба оташ кашиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳозим Қосим, сухангуи Ҳамос дар суханони ҷинояти террористии шаҳракнишинон ва низомиёни саҳюнист ба рустои фаластинии Ҳавораро баёнгари ҳароси онҳо дар муқобили муқовимати миллати Фаластин донист.

Сухангуи Ҳамос ба аҳамияти муқовимат дар муқобила бо ишғолгарони саҳюнистӣ ишора кард ва афзуд: Ин танҳо роҳи поён додан ба ҷиноятҳои кобинаи ифротии режими саҳюнистӣ аст.

Барчасп