Хисороти зилзила дар Туркия беш аз 34 миллиард доллар аст
Феврал 28, 2023 14:16 Asia/Dushanbe
Бонки ҷаҳонӣ хисороти зилзилаи Туркияро беш аз 34 миллиард доллар баровард кардааст .
Саҳаргоҳи душанбеи 6 феврал манотиқи ҷануби Туркия дар маърази зилзилаи 7.7 рихтерӣ қарор гирифт, ки даҳҳо ҳазор қурбонӣ бар ҷой гузошт .
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс,Бонки ҷаҳонӣ хисороти ношӣ аз зилзилаи Туркияро 34.2 миллиард доллар ва ҳазинаи бозсозиро ду баробари ин маблағ баровард кард .
Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ эълом кард, ки тавлиди нохолиси дохилии Туркия ба далели зилзила ҳудӯди чаҳор дарсад коҳиш меёбад.