Ллойд Остин : Амрико барои муддати тӯлонӣ дар Ховари Миёна мемонад
(last modified Tue, 07 Mar 2023 07:29:37 GMT )
Март 07, 2023 12:29 Asia/Dushanbe
  • Ллойд Остин : Амрико барои муддати тӯлонӣ дар Ховари Миёна мемонад

Вазири дифои Амрико гуфт: Вашингтон барои муддати тӯлонӣ дар Ховари Миёна мемонад .

Ллойд Остин-вазири дифои Амрико рӯзи якшанбе вориди Урдун шуд . Остин дар ин сафар бо мақомоти урдунӣ аз ҷумла Абдуллоҳи дувум, подшоҳ дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ллойд Остин, вазири дифои Амрико рӯзи душанбе дар пойтахти Урдун бо такрори иттиҳомоти беасос ба Ҷумҳурии исломӣ дар ҷамъи хабарнигорон иддао кард : Коре ки Эрон анҷом медиҳад воқеани ғайриқобили тасаввур аст . Онҳо доранд ҳамзамон бо истифода аз паҳпод дар Украина таҷориби бештарӣ касб мекунанд ва ин масаъла барои минтақа хуб нест .
Остин муддаӣ шуд : Амрико интизор дорад Русия дар ивази дарёфти фанновариҳои паҳподӣ, фанновариҳои дайгареро дар ихтиёри Эрон қарор диҳад .
Вазири дифои Амрико идома дод : Мо борҳо ва борҳо гуфтаем ва ба муттаҳидонмон итминон хотир додаем, ки қарор аст дар дарозмуддат дар инҷо бошем . Инҷо минтақаи муҳимме аст, на фақат барои мо балки барои кулли дунё.
Қарор аст вазири дифои Амрико баъд аз Урдун ба Мисру Фаластини ишғолӣ сафар кунад . Пеш аз ин низ Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, Бил Бронза,раиси СРУ ва Марк Мейли, раиси ситоди муштараки артиши Амрико ба минтақаи ғарби Осиё сафар карда буданд .