Март 07, 2023 16:28 Asia/Dushanbe
  •  Шумори қурбониёни зилзилаи Туркия аз 46 ҳазор нафар фаротар рафт

Манобеи хабарӣ ба нақл аз раиси Ҷумҳурии Туркия аз афзоиши шумори ҷонбохтагони зилзилаи ин кишвар ба 46 ҳазору 104 нафар хабар доданд .

Зилзилаи 7.7 ва 7.6 дараҷаи Рихтер 6 феврали 2023 Туркияву Сурия илова бар талафоти ҷонии зиёд хисоратҳои молии сангине низ бар пайкараи иқтисоди ин ду кишвар бар ҷой гузоштааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пештар вазири дохилаи Туркия шумори талафоти зилзилаи ахир дар кишварашро 45 ҳазору 968 нафар эълом карда буд .
Сулаймон Суилу дар мусоҳиба бо хабарнигорон бо ишора ба наҷоти 26 ҳазору 32 нафар аз зери овори зилзила афзуд : Як миллиону 652 ҳазор нафар аз зилзилазадагон дар чодар искон ёфта ва 2 миллиону 145 ҳазор нафар низ бо мусоидати давлат ба шаҳрҳои дигар мунтақил шудаанд .
Дар ҷараёни зилзилаи ахири Туркия 214 ҳазору 577 бино ва сохтмон бо 481 ҳазор воҳиди маскунӣ ва 127 ҳазор маҳали кору хадамот тахриб шуда ва ё ба шиддат осеб дидаву дигар қобили баҳрабардорӣ ва сукунат нест.
Дар паи ин зилзила беш аз 3.3 миллион нафар маҷбур ба кӯч ва муҳоҷират аз маҳали зиндагии худ ба маконҳои дигар шудаанд .

 

 

Барчасп