Март 12, 2023 11:43 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Яман ба тавофуқи Эрон ва Арабистон
    Вокуниши Яман ба тавофуқи Эрон ва Арабистон

Узви аршади дафтари сиёсии давлати наҷоти миллии Яман тавофуқи ҳосилшудаи Эрон ва Арабистонро як тавофуқ ва руйкарди мусбат донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулваҳод Алмаҳбаши узви аршади дафтари сиёсии давлати наҷоти миллии Яман дар саифаи твиттери худ навишт: Мо муътақидем, ки тавофуқи ба даст омада байни Эрон ва Арабистон мусбат аст.

Муҳамма Абдусалом, сухангуи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман низ дар пайи эъломи тавофуқи Эрон ва Арабистони Саъудӣ гуфт: Минтақа ниёзманди бозгашти равобити оди миёни кишварҳои худ буд то уммати исломӣ битавонад амнияти аз дастрафтаи худро дар натиҷаи мудохилоти хоириҷӣ ба раҳбарии саҳюнистҳо ва амрикоиҳо эҳё кунад.

Арабистони Саъудӣ 3 январи соли 2016 ба баҳонаи ҳамлаи бархе афрод ба сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад равобити дипломотики худро бо Эрон қатъ кард.

Барчасп