Март 19, 2023 19:36 Asia/Dushanbe
  • Сафоратхонаҳои Эрону Баҳрайн ба зуддӣ бозгушоӣ мешавад

Узви ҳайати порлумонии эъзомии Эрон ба Баҳрайн гуфт, дар ростои пайгирии аз саргирии равобити дипломатии Эрону Баҳрайн, ба зуддӣ сафоратхонаҳои ду кишвар фаъолияти худро аз сар мегиранд.

Илҳом Озод, узви ҳайати порлумонии эъзомии Эрон ба Баҳрайн гуфт, тайи дидоре, ки дар ҳошияи иҷлоси Иттиҳодияи байналмаҷолиси ҷаҳонӣ бо раиси маҷлиси Баҳрайн доштем, эшон эълом карданд, ки дар ҷаласот бо давлати Баҳрайн ва ба хусус вазири хориҷаи ин кишвар , мавзӯи аз саргирии равобит бо Эронро пайгирӣ хоҳад кард.
Пеш аз ин, Маҳмуди Аббосзода Мишкинӣ, сухангӯи Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон эълом кард, ҳар як аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс бо таваҷҷуҳ ба зарфияту рӯйкарди худ, дар сиёсати хориҷии Эрон нақши хосе доранду Теҳрон ба дунболи тақвияти иртибот бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя аст.