Тасаллути артиши Русия бар 70 дарсади шаҳри Бахмут
Евгений Пригожин, фармондеҳи гуруҳи низомии “Вагнер” эълом кард, 70 дарсади шаҳри роҳбурдии Бахмути Украина таҳти контроли Русия қарор дорад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, фармондеҳи гуруҳи “Вагнер” рӯзи якшанбе афзуд, даргириҳо дар ин шаҳр барои сайтараи комил бар шаҳри Бахмути Украина идома дорад.
Дар ҷараёни 9 моҳи набарди низомиёни украинӣ бо низомиёни рус дар Бахмут тақрибан ин шаҳр аз байн рафтааст ва гуфта мешавад 90 дарсад аз ҷамъияти ин шаҳр фирор кардаанд.
Мақомҳои украинӣ борҳо ба авзои нобасомони артиши ин кишвар дар муқобили артиши Русия эътироф кардаанд ва дар ҳамин росто ахиран Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина таъкид кард, ки авзоъ дар шарқи ин кишвар бисёр сахту дарднок аст.
Талафоти сангини неруҳои мусаллаҳи Украина мумкин аст Киевро маҷбур кунад аз тасмими худ барои идомаи ҷанг барои ҳифзи Бахмут сарфи назар кунад.