Март 27, 2023 17:33 Asia/Dushanbe

Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки аксари мардуми Амрико аз амалкарди давлату вазъияти ин кишвар норозиянд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, бар асоси натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷии Associated Press,  61 дарсади мардуми Амрико амалкарди Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишварро қабул надоранд ва 68 дарсади онҳо ҳам аз наҳваи мудирияти иқтисодии Байден норозӣ ҳастанд.

Давлати Амрико дар мавриди таваррум, мудирияти ҳамагирии корона, сиёсати хориҷӣ ва мавориди дигар мавриди интиқоди қишрҳои сиёсӣ қарор гирифтааст.

 

Барчасп