Июл 29, 2016 21:13 Asia/Dushanbe
  • Пазириши номзадии Ҳизби демократ аз сӯйи Ҳиллари Клинтон

Ҳиллари Клинтон дар охирин рӯз аз гирдиҳамоии демократҳо, расман номзадии ин ҳизбро барои ҳузур дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико пазируфт.

Ба гузориши "Пресс ТВ", номзади Ҳизби демократи Амрико бар хилофи Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ, дар суханони худ танҳо як бор ба Эрон ишора кард ва зимни ҳимоят аз сиёсати хориҷии давлати Абама, дар бораи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон гуфт: "Ифтихор мекунам, ки муваффақ шудем барномаи ҳастаии Эронро бидуни шиллики ҳатто як гулула мутаваққиф кунем. Акнун бояд бар иҷрои он мутамарказ шавем ва ҳимоят аз Исроилро идома диҳем".

Доналд Трамп, номзади ниҳоии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар гирдиҳамоии миллии ҷумҳурихоҳон, ки ҳафтаи гузашта дар иёлати Огайо баргузор шуд, тавофуқ бо Эронро "бадтарин тавофуқи торих" хонда буд.

Клинтон ҳамчунин дар ташреҳи барномаи сиёсати хориҷии худ гуфт: "Амрико бо ҳампаймонони худ дар НАТО дар баробари ҳар таҳдиде истодагӣ хоҳад кард, ҳатто агар ин таҳдид аз сӯйи Русия бошад".

Бахши аъзами суханронии Клинтон ба ҳамалоти кӯбанда алайҳи Трамп ихтисос дошт.

Вай аз мардуми Амрико хост то фиреби ваъдаҳои пуч ва холии Трампро дар бораи аз байн бурдани таҳдиди хориҷӣ ва субот бахшидан ба иқтисод нахуранд. Вай дар идома гуфт, Трамп ба дунболи эҷоди шикоф байни мардуми Амрико аст.

Барчасп